БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДИ РОҒУН ТАДБИРИ ДУРАНДЕШОНА ВА ОҚИЛОНА АСТ

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ободон»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯрӣ  баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин иброз доштанд, ки «Роғун» яке аз колонтарин неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи ин сохтмон ҳанӯз соли 1974 тасдиқ шуда буд. 27-уми декабри соли 1987 маҷрои дарёи Вахш баста шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд. Вале баробари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корҳои сохтмонӣ дар иншоот қатъ гардиданд. Соли 2010 бо роҳбарии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони неругоҳ аз нав вусъат гирифт.

Сохтмони ин иншоот яке аз тадбирҳои хеле дурандешона ва оқилонаест, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардида истодааст. Фаромӯш набояд кард, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ вобаста ба пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардум талабот ба барқ низ сол ба сол зиёд мегардад. Афзудани аҳолӣ, бунёди манзилҳои нав, ба кор даромадани ҳазорон корхонаву горгоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ истеҳсоли неруи барқи иловагиро тақозо доранд.

Дар идомаи маҷлис интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ ҲХДТ баррасӣ  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg