БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ТЕРРОРИЗМ МУНОСИБАТИ МО ОШТИНОПАЗИР АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҳизб дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикон»-и Ҷамоати деҳоти Ғайрат мулоқот доир карда шуд, ки аз суҳбати пурмазмун  ҳамагон ба худ таассуроти нек бардоштанд.

Масъулин дар бораи  хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву  экстремистӣ, ки имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро ба ташвиш оварда, мақсаду мароми онҳо ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва овораву сарсон кардани сокинон мебошад, сухан гуфта, аз ҷамъомадагон ҷиҳати  муборизаи беамон бурдан бар зидди ҳизбу ҳаракатҳтои ифротӣ даъват ба амал оварданд.

Дар охир дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg