БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ТАҲДИД БА ИНСОНИЯТ

АНДЕША. Дар ҷомеаи имрӯза хатарҳои глабалӣ ва таҳдид ба инсоният бо нақшаҳои нави ба ақли инсон намеғунҷидагӣ рӯи кор омада истодааст. Ҳамаи ин гӯё бо қувваҳои аҳриманӣ идора карда мешавад. Барои ба муқобили қувваи шарр (бадӣ) по ниҳодан инсониятро зарур аст, ки тамоми қувваю дониши худро истифода барад. Барои ҳамин имрӯз ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва дигар табодул барои инсоният рафта истодааст.  

Ҳамасола дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ, пайдоиши қувваҳои иртиҷоӣ ва террористӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Африқо ва дигар манотиқи олам таъкидҳои судманд менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат оид ба ин вазъ чунин суханронӣ намуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.”

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъоҳо идома ёфта, барои ҷомеа ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртаззод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки дар Осиёи Миёна ҷойгир буда, бо 4 давлат, Ҷумҳурҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҳамсарҳад аст. Дар се давлати дар шарқу ғарб ҳамсарҳадбуда тинҷиву оромӣ ҳукумфармо бошад ҳам, дар ҷануб Ҷумҳурии Афғонистон ноором аст. Ин нооромии кишвари ҳамсоя ба давлати мо бе таъсир нахоҳад буд.     Тайи 40 сол боз дар давлати ҳамсоя ҷангу хунрезӣ идома дорад. Мардуми тоҷик ба ин аҳволи давлати ҳамсоя бетараф нестанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсола доир ба вазъ чунин қайд карданд: “Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном “Давлати исломӣ”, ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомил буда, вазъро боз ҳам ноором мекунанд,  боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлони дорад, ба ин масъала бетафовуд буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд муомилоти ғайри қонунии маводи мухаддир мебошад.

 Ҳамаи ин моро водор мекунад, ки ҳушёру зирак буда, ба қадри ин осоиштагӣ бирасем ва дар мубориза бар зидди ҳама гуна қувваҳои аҳриманӣ ҳамеша омода бошем.

Ҷалилова Мушкинисо – омӯзгори ДДК, узви ҲХДТ аз шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg