БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСКОРӢ ШИОРИ МОСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Дар ташкилоти  ибтидоии “20-солагии  Истиқлолият”-и Ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши  сиёсӣ   баргузор   гардид.

Раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  аз  фаъолият дар  давраи ҳисоботӣ,  самтҳои   афзалиятноки   фаъолияти  ҲХДТ, татбиқи  амалии  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!”  баромади муфассал   пешниҳод  намуда, бо дастгирии ҷамъомадагон раиси ташкилот аз нав интихоб ва вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ  шуд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҷиҳати  вусъат  бахшидани   омодагӣ  ба маъракаи  муҳими  сиёсӣ - интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  сухан гуфта, вазифаҳои  ташкилотҳои ибтидоиро дар  ин  самт муайяну  мушаххас  баён карданд. Таъкид шуд, ки барои  дар  сатҳи баланди  сиёсӣ,  шаффофу  демократӣ баргузор  намудани ин чорабинӣ  аз  ҳоло  замина  гузоштан  аз муҳимтарин  вазифаҳои  ҳизбиён  мебошад.

Сипас, масъулини ҳизбӣ дар бораи   самаранок истифода бурдани  замин, ба  роҳ  мондани  усулҳои  интенсивии  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рӯёнидани  ҳосили  дилхоҳ   маҳсулот таъкид доштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg