
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо донишҷӯёни филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, ки дар назди Беморхонаи марказии шаҳр амал мекунад, вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин зимни суҳбат вобаста масъалаҳои марбут ба соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, махсусан фаҳмонидани сабабу омили пайдоиши бемориҳои сироятӣ ва пешгирии онҳо дар байни мардум сухан гуфта, донишҷӯёнро ба дӯст доштани касби интихобкардаашон ва талош варзидан баҳри беҳбудии саломатии мардум талқин намуданд.
Дар идома гуфта шуд, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.