
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Ободон»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ш.Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо иштироки масъулони КИ ноҳиявии ҲХДТ маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар бораи моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карданд.
Дар идома роҳбари ташкилот оид ба баргузории чунин вохӯрии судманд аз масъулин изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошем. Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия идома доранд.