
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Мунаввар”-и (деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даҳана) шаҳри Кӯлоб аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир карданд. Дар ин мулоқот масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, вобаста ба ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи ниқобпӯш, ки шаби 05.11.2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 отряди сарҳадии ноҳияи Рудакӣ ҳамла намуда буданд ва дар натиҷа як тан аз сарҳадбонон ва як нафари дигар намояндаи Вазорати корҳои дохилии кишвар ба ҳалокат расиданд, ибрози назар намуданд.
Сокинон дар навбати ин ҳолатро амалӣ ноҷавонмардона аз тарафи хоинон ҳисобида онро қатъиян маҳкум карданд.