БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЛОРАВИИ НУФУЗИ ТОҶИКИСТОН ИФТИХОРИ МОСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Равшан” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

 

Дар ин маҷлис корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, иброз карданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем,  онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Дар охир иштирокдорон зикр намуданд, ки самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳур гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, вакил ба Конференсияи навбатии шаҳрӣ пешбарӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg