
Муъминобод. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Туту»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ш.Шоҳин бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» вохӯрӣ доир гардид.
Масулони ҳизб доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда иштирокдоронро ба иҷрои амалҳои нек ҳидоят намуданд. Ҳамчунин атрофи риояи бечунучарои қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, мубориза ба зиддӣ нашъамандию нашъаҷаллобӣ суханронӣ карда иброз доштанд, ки дар ин самт ҳар як сокини баору номуси мамлакат бояд фаъол бошад.