
АНДЕША. Боиси зикр аст, ки яке аз рукунҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэтимоди ҳар як кишвари соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро нигоҳ дорад. Аммо мутаассифона, чуноне ба назар мерасад баъзан ҷавонон аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо баҳонаҳои гуногун саркашӣ намуда, ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ё худро бемор нишон медиҳанд.
Вобаста ба ин мову шуморо зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва содиқ будан ба Ватану миллат тарбия намоем. Бояд ба ҷавонон ин нуқта фаҳмонида шавад, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мебошад. Дар ин миён бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад ва ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад.
Бояд ин байт шиори ҳар як ҷавони тоҷик бошад:
Дар лаҳад гар бишнавем душман ба хокаш по ниҳод,
Мурдаи садсола бошем, аз кафан берун шавем.
Бархе аз бадхоҳони миллат, ки пешрату тараққиёти кишварро намехоҳанд дар шабакаҳои интернетӣ овозаҳои бардуруғ ва дилсардкунанда паҳн сохта дар зеҳни ҷомеа химати сарбозиро манфӣ бозтоб кардан мехоҳанд.
Ҳар як ҷавони имрӯза хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пас тамоми нерӯи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.
Тағайзода Рустам, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор