БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ АВФ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ТАҶАССУМ МЕКУНАД

АНДЕША. Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҷаласаи навбатии худ  25  октябри соли  2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи авф”, - ро ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, қабул намуд.

Қабули қонуни авф сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҷассум мекунад.

 Мардуми шарифи  кишвар, аз ҷумла сокинони диёри Ховалинг ин иқдоми башардӯстона ва инсондӯстонаи Пешвои миллатро бо ҳисси баланди қаноатмандӣ истиқбол намуданд. Дар ҳақиқат баъди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” дар ҳазорҳо хонадон пайки шодӣ мерасад.

Аз даврони соҳибистиқлолии кишварамон то имрӯз 18 санади авф қабул шуда, нисбат ба зиёда аз 100 000 нафар татбиқ шудааст.   Бояд қайд намуд, ки дар байни намудҳои озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо санади ҳуқуқии авф яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

Давлате, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ  эълон гардидааст ва моҳияти сиёсати онро таҷассум мекунад, доимо ифодакунандаи принсипҳои ҳуқуқии қонуният, инсондӯстӣ ва демократия мебошад.

Арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд водор месозад, ки ин ҳуқуқу озодиҳо ба пуррагӣ аз ҷониби давлат ба ҳар восита, аз ҷумла ба воситаи ҳуқуқи ҷиноятӣ, таъмин ва ҳимоя гардида, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам орад.

Маълум аст, ки барои содир намудани ҷиноят  ҷазои ҷиноятӣ татбиқ мешавад, ки як омили асосии пешгирии ҷиноят ба шумор меравад. Дар баробари ин давлат ҳуқуқи бахшидани гуноҳи шахсони ҷиноятсодирнамударо дар худ нигоҳ медорад, ки яке аз намудҳои он қабули санади ҳуқуқии авф ба шумор меравад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти  пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст. Қонун “Дар бораи авф” ба зиёда аз 20 ҳазор гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо, маҳкумшудагон татбиқ мегардад. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур, инчунин нисбат  шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо  дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.

Санадҳои ҳуқуқии авф, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қабул гаштаанд, ифодагари бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар кишварамон мебошад.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки онҳое авф карда мешаванд, роҳи дурусти ҳаётро интихоб намуда, дар пешрафту тараққиёти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Моҳияти авф ҳам ҳамин аст, ки гунаҳкоршудагон аз роҳи хато баргарданд ва ин  омил сабаби пешгирии ҷинояткорӣ гардад.

 Халилзода Сафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg