Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» вохӯрӣ доир карда шуд.
Хониши сиёсӣ фарогири мавзӯъҳои рӯзмарра, аз қабили омодагии шаҳрвандон ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ буда, аз суханрониҳои судманд ҳамагон ба худ таассуроти нек бардоштанд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.