БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО АМАЛҲОИ СОЗАНДА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Боғи  Темур”-и ноҳияи Темурмалик   мулоқот   баргузор гардид.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз-ба  истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Сипас, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир карда шуда, дар он   оид  ба  интихоби  раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  ва  пешбарии  вакилон  ба  конференсияи  ҳизбӣ  баррасӣ карда шуданд.

Дар  қисмати  амалии  Аксияи  ҳизбии “Якҷоя  ҳал   мекунем!” сокинон  барои  таъмири  муассисаи таҳсилоти  ибтидоии  деҳа-харидорӣ  намудани  масолеҳ барои фарши муассиса   кумак карданд.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg