БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГӢ БА МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ВАЗИФАИ МО ҲИЗБИЁН АСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баландбартани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  “Ваҳдат”-и  Ҷамоати  деҳоти Фирӯза хониши  сиёсӣ  оид  ба самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ  мавриди  баррасӣ  қарор  дода  шуд.

Масъулин  дар баргузории  хониши  сиёсӣ  иштирок  ва  баромад намуда, қайд карданд, ки бо  мақсади  омодагӣ  ба  маъракаи  муҳими  сиёсӣ интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  маҷлисҳои  маҳалии  вакилони  халқ ташкилотҳои  ибтидоӣ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав фаъолияти минбаъдаи  худро  барои бартараф  намудани  мушкилотҳои  ҷойдошта  дар  ҳудуди  қитъаҳои  интихоботӣ  ба  роҳ  монда, бо  ҳалли  масъалаҳои  ҳалталаби  иҷтитмоӣ ва  дастгирии  қишрҳои   ниёзманди  аҳолӣ  бо  ташкилу  баргузории  Аксияи  ҳизбии “ Якҷоя  ҳал  мекунем!”  бо  мақсади  боз  ҳам     қавӣ  гардонидани   эътимоду  боварии  мардум ба  ҲХДТ- ҳизби  созандаву  бунёдкор фаъолият  намуда  истодаанд. Аз  ин  рӯ  ташкилу  гузаронидани  чорабиниҳои  таблиғотиву  ташвиқотиро  дар  байни  сокинон  бештар  ба  роҳ  монда, гурӯҳхои  таблиғотиро  аз ҳисоби  шахсони  барӯманди дар  байни  мардум  нуфуз дошта,  инчунин  занони  фаъол ташкил  намуда, барои  ташвиқи  ғояҳои  созандаи  ҳизб  ва  дастовардҳои  даврони соҳибистиқлолӣ ба  роҳ  монем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg