БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪРАКАҲОИ МУҲИМИ СИЁСӢ МАСЪУЛИЯТНОКИРО ТАЛАБ МЕКУНАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии  Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов баргузор гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроия раисони кумитаи маҳалла, имомхатибони масҷиди панҷвақта, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолон иштирок намуданд.

Дар кори маҷлис ду масъалаи асосӣ - ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи солҳои 2017-2019 ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешниҳоди вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир таъкид гардид, ки   дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ ҳар як аъзои ҲХДТ ба ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, тамоми омилҳои носолим ва ба норозигии мардум мусоидаткунандаро бартараф намуда, бо кору амал ва пешоҳангиву ташаббускории худ мардумро ба сӯи созандагиву ободонӣ сафарбар намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg