БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҲИДОЯТГАРИ СОКИНОН БА КОРҲОИ СОЗАНДА

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Сафобахш”- и ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ,  риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва илмомӯзии ҷавонону наврасон, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, касбу ҳунаромӯзии аҳолӣ, танзими муносибатҳои оилавӣ, даствордҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат суханронӣ намуда, иштирокдорон ба созандагиву бунёдкорӣ  раҳнамоӣ карданд.

Ҳамзамон ба баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилот ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ масъалагузорӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg