БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, ДАР ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ САҲМГУЗОР БОШЕМ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии  «Тепалик»-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо иштироки намояндагони ҳизбӣ дар мавзӯи «Сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона  истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ» вохӯрии таъсирбахш баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар доираи мавзӯи имрӯза ба амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз он ҷумла баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сари вақт пардохт кардани маблағи истифодаи қувваи барқ, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз мушкилоти асосии соҳа дониста мешавад, андешаронӣ  карда, иҷрои талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ, дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободкорӣ бо мақсади истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҳамагон даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg