БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ ҲИЗБ БУДАН МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо  иштироки  кормандони масъули    Кумитаи   иҷроияи   ҲХДТ   дар  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ  дар  ташкилоти  ибтидоии    “Матлуботчиён”  маҷлиси  ҳисоботӣ-интихоботӣ  баргузор гардид. Дар он ҷиҳати баланд  бардоштани  маърифати ҳизбӣ, самаранокии фаъолият дар ташкилоти  ибтидоӣ, корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ  ва  тақвият  бахшидани ҳаракати аъзои ҳизб суҳбат ороста шуда,  масъулин ёрии амалӣ низ расониданд.

Дар аснои  гузаронидани  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  таъкид  рафт, ки ҳар  як  узви ҳизб   бояд  бо   одоби  баланд, ахлоқи   намунавӣ,  рафтору  кирдор  ва  камолоти  маънавии  худ  дар  ҷомеа  ибрати дигарон  бошад.   

Сипас, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ шуда, раиси ташкилот   интихоб ва вакилон ба конференсияи навбатӣ пешбарӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg