БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АККОСИ САГОНИ ДАЙДУ БА СУЙИ МОҲТОБ

ВОКУНИШ.Пайравони ПМТ,мисли ҳамон сагоне ҳастанд, ки шабони тор ба сӯи моҳтоб аккос мезананду лек ба худ чорае надоранд, зеро ирода ва ҷисми пусидаи онҳоро хоҷагонашон идора мекунанду худ зиндае ба ҷои мурдаҳоянд.

      Асосгузори сулҳу ваҳдатӣи миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон моҳтоберо мемонад, ки дар  шаби тор падид омаду бар дили торики мардуми тоҷик нуру зиё бахшид. Миллатро аз шаби зулмот ба рӯзҳои сафед овард.

     Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори нотакрорест, ки сиёсати пешгирифтаи ин марди хирад имрӯз мавриди омӯзиши аксар давлатҳои ҷаҳон қарор гирифтааст, ки боиси ифтихори ҳар як ҷавони худогоҳи  Тоҷикистон мебошад.

     Пешвои миллат неъмати бебаҳои таърих ва ҳадяи Худованди бузург барои миллати тоҷик мебошад. Маҳз ҳамин Пешвои миллат буд, ки дар рӯзҳои вазнини миллати тоҷик зимоми идораи давлатро ба зимаи хеш гирифта, миллату давлати тоҷикро аз парокандагӣ ва нестшавӣ наҷот дод. Аввалин суханҳое, ки Пешвои миллат қайд карда буданд, ин “Ман бу шумо сулҳ меорам” буд, ки имрӯз Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор истода тавонистанд, ки дар як муддати кутоҳ пеши роҳи хунрезиро гирифта дар ҳар як хонаи тоҷик сулҳро барқарор намуд ва ҳамаи гуразоҳоро ба Ватан баргардонид.

     Мутаассифона, беъзе созмону гуруҳҳои нохалафе ҳастанд, ки  сулҳу оромии милати тоҷикро нодида гирифта, мехоҳанд ниятҳои нопоку ғаразноки худро бар сари миллати  тоҷик  амалӣ намоянд.

      Боз ҳадафҳои нопоки ин гуруҳҳои террористӣ ба идеалогияи мардуми мо роҳ меёбад? Не! Агар садҳо  созмону иттиҳодияҳо ташкил диҳанду  ҷалласаҳои яксолаи ташкилёби не, балки 50 солагии ташкилёбии худро ҷашн гиранду ваъдаҳои деринаашонро аз нав ёдовар шаванд, номи баду аъмоли нопоку фассоди онҳо, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари миллати тоҷик оварданд, бозам муваффақ нахоҳанд гашт, зеро имрӯз симои разилонаи   онҳо ба  тамоми ҷаҳон муаррифист.

     Темури Варқӣ ҳамон мақоли “Бузак-бузак  намур баҳор меояд”-ро шиор карда гардед!. Агар шумо баҳри пешравии миллату давлат, истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз кори муҳимеро анҷом медодед, ба монанди саги биёбон дар орзуи устухон мегаштед?

      Охир шумо аз кадом  неруҳои ватандӯст сухан мегӯед. Ин созмонҳову аъзоёни он, ки  бо ниятҳои нопоки хеш мардумро ғорат кардаанд, чаро аз корҳои номардонаашон худ хиҷолат намекашанд?

      Дар асл муҳоҷирон гуреза нестанд. Имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони тоҷик дар давлатҳои хориҷа, ба як чанд давлатҳои ҷаҳон, махсусан бо Федератсия Россия як қатор шартномаҳои байнидавлатӣ  ба имзо расонидааст. Вақте ки Тоҷикистони азизи мо  Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва орзуи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик амалӣ гашт, ҳамин гуруҳҳои мухолифин, ба мисли ҲНИТ, ҲДТ, созмонҳои “Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” будед, ки оромиву сарҷамъии миллати тоҷик ва якпорчагии Тоҷикистони азизро нахоста, дар байни аҳолӣ бар зидди ҳукумат фитна ангехта, дар мамлакат ҷангӣ шаҳрвандиро ба амал овардед. Миллионҳо нафар аз дасти шумо гуреза буданд, дар хоки бегона ҷон доданд, иддае аз он гурезгон туъмаи моҳиҳои дарёи Панҷ гаштанд, миллати тоҷик инро асло фаромӯш намекунад.

    Мақсади ин гуруҳҳои  терористӣ танҳо ғасби ҳокимият асту бас.     Боз дар андешаи қатли чанд нафар аз мардон, занон ё кудакон ҳастет? Ба андешаи худ “ғамхори миллат”-ед. Чӣ қадар ҷавононро гумроҳ намудед? Боз чӣ нақшаҳо доред?

      Ҳол он, ки имрӯз давлату миллати тоҷик ба ягон тангаи нопоке, ки шумо аз ҳамон созмонҳои терористию экстремистӣ ба даст меоред эҳтиёҷ надорад.

     Қарзҳои дар назди давлату миллат ва модари тоҷик, доштаатонро кӣ пардохт мекунад?  Шумо аз давлату миллати бузургӣ тоҷик пул не, балки ҷон карздор ҳастед, чун, ки бадбахтие, ки шумо дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари ин миллат овардед, зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд ва он ҷавонмардон фарзандони модари тоҷик буданд.

     Ман ҳамчун як ҷавони тоҷик дар мубориза бар зидди чунин созмонҳои терористию экстремистӣ бетараф набуда, ба ҳамсолон ва тамоми ҷавонони Тоҷикистон  ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи давлату миллати тоҷикро ба ҷавонон бовар кардаанд, мо ҷавонон дар баробари чунин дастгириҳои Пешвои миллат, ки нисбат ба ҷавонон доранд, зиракии сиёсиро аз даст надода ба ваъдаҳои дуруғи чунин созмонҳо дода нашуда, пайи ободию созандагии Ватани азиз бо иродаи комил ва дасту дили пок азм намоем.

 

  Мудири бахши кор бо ҷавонон ва

 занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон                         Расулов Ғ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg