БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО НОМҲОИ ГУНОГУН, АММО ДАР АСЛ ҲАМАГӢ ФАРМОНБАРДОРИ ЯК ХОҶА

ВОКУНИШ: Ман вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун аз талошҳои табоҳкорона ва ҳаракатҳои хоинонаи гурӯҳи ҷиноятпешаи бо ном “Паймони миллӣ”, ТЭТ ҲНИ ва Гурӯҳи 24, ки ба қавле байни худ, паймон бастаанд, аз расонаҳои хабариву шабакаҳои интернетӣ воқиф гашта, кӯшишҳои ин ифротиёнро қатъиян маҳкум менамоям!

 Мо ин амалкарди наҳзатиёни иғвогару ифротиро ҳамчун пайравии кӯркӯрона аз устодони онҳо арзёбӣ намуда, изҳор медорем, ки таъсиси ҳамагуна паймону созмонҳои ҳамсон баҳри халалдор кардани фазои сулҳу субот ва барҳам задани ваҳдати миллӣ мебошад!

Дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ натиҷаҳои даҳшатноку фалокатбори гурӯҳбозиву таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва иттиҳоди ифротиёнро мардуми шарифи кишвар ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд. Маҳз ҳамин гуна тафриқаандозиву фитнаҷӯӣ буд, ки ватани маҳбубамонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта, садҳо ҳазор фарзандони бегуноҳи миллат қурбони ин ҷанг гаштанд. Дар панҷ соли идомаёфтани ҷанги бародаркӯш иктисодиёти кишвар ба куллӣ фалаҷ гашта зиндагии мардум табоҳ гашта буд. Дар давраи баъди ҷангӣ бошад то дер боз мардум аз норасоии маводи хӯрока ва дигар лавозимоти ҳаётан муҳим азият мекашиданд. Ҳамин минвол дар мисоли Ҷумҳурии арабии Сурия, низ натиҷаи ҳизббозиву таъсиси созмону ташкилотҳои гуногуни мухолифинро бараъло дида мешавад, ки як кишвари орому аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ба чи ҳолат гирифтор гаштааст.

Бинобар ин мо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун оқибатҳои фалокатбори фаъолияти тундгароиву ифротии ТЭТ ҲНИ ва ҳампаймонҳои онҳоро дарк намуда, аз тамоми мардуми кишвар бахусус аз ҷавонони саодатманди миллат эҳтиромона даъват ба амал меорем, ки ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои наҳзатиён нагардида, сулҳу оромии мавҷударо чун гаҳвараки чашм ҳифз намуда, ҳамагон баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани ватани азизамон талош варзем.

 

Чулаев Шодибек-вакили Маҷлиси вакилони

халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg