
Ҷайҳун: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сари-пул»-и Ҷамоати деҳоти Панҷ вохӯрии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гашт.
Дар рафти чорабинӣ масъулон атрофи дастгириҳо ҳукумати кишвар нисбати соҳаи маориф, сатҳу сифати донишандӯзии толибилмон, ба стандартҳои давлатӣ ва ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани сифати таҳсилот иброз назар карданд.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардида бо овоздиҳии якдилонаи аъзоёни ташкилот вакил ба конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ интихоб карда шуд.