БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ОБОДКОРЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалишавии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, ба ин васила саҳм гузоштан  дар ободии диёр бо дастгирии сокинон ва фаъолони ҲХДТ дар деҳаи Қумариқи Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Ватан”  мулоқот роҳандозӣ гардид.

Нахуст,  хонишини сиёсӣ гузаронида шуда, намояндагони ҳизбӣ  оид ба амалӣ намудани ҳадафҳои олии ҲХДТ  вобаста ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” суханронӣ карданд.

Дар суҳбат қайд шуд, ки амалӣ гардидани ин мақсаду маром ба ҳалли масоили иҷтимоии ҷомеа  заминаи хуб  хоҳад гузошт.

Дар татбиқи қисмати амалии вохӯрӣ  сангфарш намудани 2 км роҳҳои дохили маҳалла анҷом ёфт. Чунин корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамаи маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти мазкур  бо маром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg