БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВҲАРИ АСОСИИ БУНЁДКОРӢ РИСОЛАТИ БУЗУРГИ ВАТАНСОЗИСТ

ҶАЙҲУН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. семинар-машварати ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷайҳун  баргузор гардида, дар он  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ  ҲХДТ Наимов Маҳмадулло, узви ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Латифзода Хашрафтор ва раиси Кумитаи иҷроия Ҳасанзода Тағоймурод итишрок ва суханронӣ намуданд.

Семинар-машварати мазкурро раиси Кумитаи иҷроия оғоз намуда, мақсад аз баргузории семинар-машварати ҳизбиро ба иштирокчиён  муфассал фаҳмонид.

Сипас,  зимни баромади хеш  масъулин иброз доштанд, ки санаи 27-уми сентябри соли равон Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо иштироки Раиси муаззами ҳизб  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар он масъалаҳои омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ- интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин даъвати Анҷумани навбатии ҲХДТ дар моҳи декабри соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин Абдулло Раҳмонзода қайд намуд, ки тавре гуфтем, дар марҳилаи аз интихобот то интихобот ҳар як ҳизби сиёсӣ талош менамояд, ки бо ҳадафи пайдо кардани нуфуз ва обрӯ кореро дар ҷомеа анҷом дода, бо ҳамин роҳ тафаккури мардумро ба худ моил созад. Аммо барои ҳизби мо, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат аллакай аз обрӯ ва манзалати бемисл бархурдор аст, халқи азизи кишвар масъулияти дигарро вогузоштааст, ки ин рисолати бузурги ватансозист. Ҷавҳари ин рисолатро ба вуҷуд овардани тафаккури миллие, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат менамояд, ташкил медиҳад.

Дар охир изҳори умед карда шуд, ки семинар-машварат дар фаъолияти минбаъдаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсири мусбии худро хоҳад  расонд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg