БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАРЁ ПАЛИД МЕНАШАВАД АЗ ДАҲОНИ САГ…

Муҳиддин Кабирии нафратзадаи халқ!

ВОКУНИШ. Ту рӯбоҳеро мемонӣ, ки обаш барад истодаасту дум меликонад, то бинандагон гумон кунанд, ки рӯбоҳ ғарқ нашуда, балки шино дорад.

Зимни баромади туҳматомез ва ғаразнокатон тавассути ТВ «Истина» аз авфи Шавқат Мирзиёев ёдовар шуда, фаромуш мекунед, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо маротиба нисбати шумо ва шумобаринҳо (шуморо бо ҳарфи хурд менависам, зеро шумо ба ҳарфи «Ш»-и калон намеарзед) гузаштҳо кардаанд.

Шарм накарда андеша кунед: Ба андозаи 30 фоиз ба мухолифин дода шудани вазифаҳои ҳукуматӣ, авфҳои чандинкарата ва ғайраву ҳоказо, вале ту нафаҳмидию думравонат низ. Ҳамоно бо роҳи ғайриқонунӣ талоши ғасби давлат кардеду рӯсиёҳ шудед.

Дигар бо туҳмату қарсаки сохтаи чанд нафар фирорӣ наметавонед, нафареро ба доми худ кашед. Агар мардед, мардона иқрор кунед, агар биноед, бо чашми беғараз нигаред, агар дилатон заррае ба миллат сӯзад, бо дили бекина танҳо аз дил гузаронед, ки чи кадар ободкориҳову пешравиҳо дар Тоҷикистони азиз дида мешавад.

Фаромӯш накунед, ки ҷавонон фарзандвор ва калонсолон падару модарвор Пешвои муаззами миллаташонро дӯст медоранд.

Фарзанд, падару модар ва падару модар фарзандро бо дасту дандон ҳифз мекунад, то дарди сарашро набинад ва хоре ба пояш нахалад.

Назарзода Алӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg