БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ НЕ ПАЙМОНШИКАНИ МИЛЛӢ АСТ

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо   дар  шаҳри  Варшава,  пойтахти Лаҳистон  (Полша) Конфронси  САҲА  баргузор  гардид, ки   рафти  онро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  мо бо чашми сар дидему шунидем. Чун  иштироки  намояндагони  ташкилоти террористиву эктремистии Ҳизби наҳзати исломро, ки худро Паймони миллии Тоҷикистон эълон кардаанд дидаму  гуфтам  боз чи дурӯғу буҳтони дигаре нисбати давлати озоду соҳибистиқлол мебофта бошанд. Имрӯз ба  ҳама мардуми  Тоҷикистони  азиз  маълум  аст, ки  Паймони  миллӣ-ин ҳамон  ташкилоти экстремистие  ҳаст, ки номи худро иваз намудаасту  халос, чихеле мегӯянд  «Хар ҳамон хару туқумаш дигар». Асолатбохтагони созмони ифротии бо ном ПМТ мехоҳанд, ки бо иваз намудани  номи ТТЭ ҲНИ  дар байни мардум нуфузу обрӯе, ки аз ӯ ҳеҷ чиз боқӣ намондааст, боло баранд ва худро бар ҳар  даре, ки меёбанд мезананд, то ин ки онҳоро  ҳамчун мухолифи сиёсӣ   эътироф намоянд. Пайравони шиагарову ифротии ТТЭ ҲНИ   ҳизби ҷинояткори худро Паймони миллӣ эълон кардаанду ба қавли худашон Муҳиддин Кабириро нафаре, ки  тайёр аст ба андаке зар  худашро фурӯшад  роҳбар  ва чор нафари дигарро муовину   қарсакзан интихоб кардаанд. Дар асл инҳо ҳамон хиёнаткоронеанд, ки муқаддастарин арзишҳои инсониро ба монанди Модар- Ватан, мазҳаб ва ҳатто имонашонро низ фурӯхтаанду имрӯз ба суи миллати осоиштаи Тоҷикистон санги маломат мепартоянд. Вақте, ки арзишҳои олии инсониро фурӯхтаанд чи гуна аз ин тоифа хиёнаткорҳо садоқат ба миллату Ватанро метавон интизор шуд. Созмони нави наҳзатиён   Паймони миллӣ набуда, балки  Паймоншикани  миллӣ ҳастанд.

Ёров Худойдод, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg