БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА МАЪРАКАҲОИ МУҲИМИ СИЁСӢ ОМОДАГӢ МЕГИРЕМ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Суғурта»   дар баробари баргузории хониши сиёсӣ маҷлиси  ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоӣ баргузор карда шуд.

Дар кори намҷлис намояндагони  ҳизбӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ Қурбонов Аловиддин маҷлисро ҳусни оғоз бахшида,  дар бораи 2,5 соли фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар назди ҳамагон ҳисобот дод.

Сипас, масъулини ҳизбӣ  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, маъракаҳои  дарпешистода ва омодагии ҳамаҷониба  аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ  ибрози андеша намуда, масъулятнокии баланди шаҳрвандиро аз ҳар шахси  баору номуси диёр даъват ба амал оварданд.

Дар охир  бо дастгирии иштирокдорон  раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида,  ба вакили Конференсияи 13-уми ҳисоботӣ - интихоботии ноҳиявӣ  пешбарӣ  карда шуд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg