БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ СОКИНОН ДАР ОБОДИИ ДЕҲА ЗИЁД БА ЧАШМ МЕРАСАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат”  хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар мулоқот  масъулин  дар назди ҳозирин оид ба ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ  баромад  намуда, ҳамагонро ба созандагиву бунёдкорӣ ранамоӣ карданд.    

Ҳамзамон, дар қисмати амалии чорабинӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон иқдом гирфтанд, дар деҳа, ки  канали обгузар мавҷуд аст,  ба рафту омади  онҳо  монеа эҷод мекунад бо дастгирии  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар масоҳати 18 метр дарозӣ ва  5 метр паҳноӣ бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ пули мошингузар сохта ба истифода диҳанд.

Аз ин маблағҳо 19 ҳазор сомонии онро аз ҳисоби сокинони деҳа ҷамъоварӣ намуда, истиқоматкунандагон  бо дарки баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ карда, саҳми худро дар рушди деҳот гузошта истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg