БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО МАШВАРАТ МАҲАЛИ ХУД ОБОД МЕКУНЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū. Маҷлиси ҳисоботӣ– интихоботии ташкилоти ибтидоии “Лолазор”-и Ҷамоати деҳоти  К.Сайфутдинов бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳия ва вакили мардумӣ Толиб Исмонов баргузор гардид.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоӣ баромад намуда, аз фаъолияти дусолаи ташкилоти ҳизбӣ ҳисобот дод. Аз ҷумла мавсуф қайд намуд, ки  роҳандозии Аксияи амалии “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки дар давоми солҳои 2018 ва 2019 гузаронида шуданд, натиҷаи хеле назаррас доранд. Натиҷа ҳамин аст, ки симои деҳа дигаргун гашта, кӯчаҳо чароғон ва тозаю озода шуданд.

Дар идома намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳия оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб андешаронӣ намуданд.

Дар қисмати хотимавии вохӯрӣ ба 2 оилаи ниёзманди деҳа кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg