БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР МАЪРАКАИ СИЁСӢ МАСЪУЛИЯТИ ҶИДДӢ МЕХОҲАД!

НОСИРИ ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шащрвандї.  Дар  ташкилоти  ибтидоии  “Муъминобод”-и Ҷамоати  деҳоти  “Истиқлол”-и  ноҳияи  Носири  Хусрав  маҷлиси  ҳисоботӣ-интихоботӣ    баргузор  гардид.

     Дар  маҷлис раиси  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ оид ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод. Аъзои ташкилот аз  нав раиси ташкилотро интихоб  карда, вакилонро ба конференсияи  ноҳиявӣ  пешбарӣ намуданд.

     Дар  маҷлис  масъулони  кумитаи  иҷроия  иштирок  намуда оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти   ҳизб,  корҳои   созандагиву   ободонӣ ба хотири беҳтар  намудани  рушди  инфрасохтори  деҳот, оид ба  маъракаи  муҳими  сиёсӣ-интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ  суханронӣ карданд. Қайд  намуданд, ки  дар  баргузории  интихобот  ҳар  як  аъзои  ҳизб  бояд масъулияти  баланд   ба  дӯш  гирифта,  барои   озоду  шаффоф  ва дар  доираи  талаботи  қонун баргузор гардидани  он  масъулияти  ҷиддӣ  дошта бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg