БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТРО ҶИҲАТИ МУБОРИЗА БО ТАЪДИДУ ХАТАРҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР ГУСТАРИШ МЕДИҲЕМ

КӮЛОБ. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сада” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ ва доир ба самтҳои афзалиятноки ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Гуфта шуд, ки террориз ва экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки хатари онҳо рӯз аз рӯз рӯшантар мегарданд. Дар ин росто Тоҷикистон пешоҳанги мубориза алайҳи ифротгароӣ мансуб меёбад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоваранд, ки мубориза бар зидди онҳо пурзӯр карда шаванд.

Дар навбати худ иштирокчиён гуфтанд, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ин ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир талош карда, фаъолияти созандаро минбаъд дар ин самт густариш бахшида, ба роҳ мемонем.

Ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, вакил ба Конференсияи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ пешбарӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg