
КӮЛОБ. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб тамоми саъю талошҳои хешро барои ободии деҳаю маҳалли худ равона карда истодаанд.
Вобаста ба ин аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии “Ш. Шоҳин” дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-ро таъмир карда, дигар корҳои зиёди созандагию бунёдкориро ба анҷом доданд.
Сокинони маҳаллаи мазкур аз чунин иқдомҳои созандаи ин нафарони саховатпеша хурсанд гардида, ба онҳо изҳори миннатдории хешро баён намуданд.