БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕАИ ОГОӼ ҶОМЕАИ СОЗАНДА АСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ин навбат дар деӽаи Ӽасан Қурбони ҷамоати деӽоти Тугараки ноӽияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ оид ба  самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӼХДТ вохȳрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ  атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд.

Ҷиҳати пешгирии ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона баъд аз ба даст овардани Истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид.

Мақсад аз қабули қонуну қарорҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg