БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРЗИШИ ОБ АЗ НЕФТУ ГАЗ КАМТАР НЕСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баданд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сомониён»-и Ҷамоати деҳоти “Каленин” хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки масъалаи норасоии об мушкилотест, ки аз аҳди қадим инсоният ба он мувоҷеҳ мебошад. Таъкид шуд, ки дар робита ба аҳамияти ҷаҳонии масъалаи об, Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои наҷиб даст зад.  Шоҳидем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ибтикори Тоҷикистон бисёр ҳамовозии амиқ дарёфт. Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзиши об накамтар аз арзиши нафт, газ, ангиштсанг ва дигар сӯзишвориву манбаҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад, қайд карданд масъулони чорабинӣ.

Ҳамчунин маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида, дар он раиси ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ муфассал баромад кард. Дар идома  раиси  ташкилот аз наф  интихоб гашта  вакил ба конференсияи ноҳиявии ҳизб пешбарӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg