БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ МО РОҲНАМОСТ!

ҶайҲун. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Зарбдор»-и ноҳияи  Ҷайҳун оид ба баррасии  нуктаҳои  Паёми роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар  рафти суҳбат гуфта шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониашон пайваста таъкид месозанд, ки  устодону омӯзгорон ва падару модарон   диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.

Дар баробари ин, масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд.

Ҳамчунин  дар ташкилоти ибтидоӣ  маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардида, раиси ташкилоти ибтидоии болозикр вобаста ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ муфассал суханронӣ намуд.

Дар идома масъалаи пешбарии вакил ба Конференсияи 28-уми ноҳиявӣ муҳокима шуда,  шахси арзанда  вакил ба конференсияи ноҳиявии ҳизб пешбарӣ  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg