БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОРИСИ ИН ВАТАН МОЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон–аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” хониши сиёсӣ доир гардид.

Аз ҷониби масъулини ҳизбӣ  дар суҳбат қайд карда шуд, ки вазъияти печидаву зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва “геопалитикаи яъсу ноумедӣ”, ки ба тағйир додани суннату арзишҳои фарҳангии миллатҳо нигаронида шудаанд, ба ҳар як шахси худогоҳ ва махсусан, ҷавонон ҳушдор медиҳад, ки самти фаъолияти худро танҳо баҳри ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ризояти миллӣ ва дар ин росто мо фаъолони ҷомеаро муваззаф месозад, ки ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳисси ифтихор доштан аз миллату давлати хеш тарбия намоем.

Дар барбари ин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла баррасии моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ки  мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии таъмини сулҳу субот, Ваҳдату якпорчагии кишвар мебошад сухан гуфтанд.

Дар охир таъкид гардид, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дӯст доштани Ватан қарзи натанҳо шаҳрвандӣ, балки фарзандию ҷонии ҳар яки мо буда, месазад бо амалҳои созанда содиқ будани худро дар назди давлату миллат собит намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg