
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи ба номи Хайрулло Файзуллоеви Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии “Файзи истиқлол” баргузор гардид.
Дар кори маҷлис рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ–интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сипас, бо дастгирии аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб ва шахси арзанда вакил барои иштирок дар Коференсияи XIV ҲХДТ дар ноҳияи мазкур пешбарӣ карда шуд.