
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бинокор»-и Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон–хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёрӣ ба пешвозгирии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода-интихоботи соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо дастгирии аъзои фаъоли ҲХДТ ба шахсони ниёзманди ҷомеа кумаки моддӣ расонида шуд.