
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Идораи ҷангал”-и ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ натиҷагирӣ карда шуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва шахси арзанда ба вакилии конференсияи ноҳиявӣ интихоб ва пешбарӣ гардида, ба ҳамагон ҷиҳати шаффофу демократӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
Инчунин, намояндагони ҳизбӣ дар қисмати вохӯрӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳарф зада, иштирокдоронро ба созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.