
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деӽаи Тугараки Ҷамоати деӽоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот анҷом дода шуд.
Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад, ҳарф зада, зикр карданд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Таъкид шуд, ки барои пешгирии ин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд, барои ҳимояи арзишҳои воло ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.