БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Нурафкан»-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис масъулин оид ба пешигирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешигирӣ аз содиршавии амалҳои коррупсионӣ суханронӣ карда, афзуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коррупсия муборизаи беамон эълон гардидааст. Борҳо Пешвои миллат дар баромадҳои хеш аз мардум даъват ба амал овардаанд, ки дар мубориза бо коррупсия бетараф набошанд. Аз ин рӯ, дар мубориза бо ин амали нангин, ки боиси паст шудани обрӯи давлат мегардад, нақши ҳар яки мову Шумо ҳамватанони азиз бузург аст. Пас дар мубориза бо коррупсия бетараф набошем.
Сипас, дар идома дар бораи баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мардум, ки яке аз вазифаҳои асосии ташкилоти ибтидоии “Нурафкан” ба ҳисоб меравад сухан гуфта шуд.
Дар охир маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида, интихоби раиси ташкилот ва вакил ба конференсияи 21-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҳокима ва баррасӣ карда шуданд.