
ҚУБОДИЁН. Дар доираи соли баданд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии “Созанда” баргузор гардид ва дар он масъулини ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар маҷлис рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва вакили конференсияи ноҳиявӣ интихоб ва пешбарӣ шуданд.