
ҚУБОДИЁН. Дар доираи соли баданд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шоҳ”-и Ҷамоати деҳоти Новободи ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз рӯи масъалаҳои мазкур қарорҳои лозима қабул гаштанд.