ВАХШ. Дар доираи Соли баданд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Навобод»-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар мавзӯи «Фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба хоҷагидорию кишоварзӣ» вохӯрӣ доир гардид.
Масъулон таъкид доштанд, ки истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замин боиси баланд гаштани сатҳи некӯаҳволиамон мегардад. Иброз шуд, ки бозори истеъмолӣ бо саҳми деҳқон ғанӣ мешавад ва ҳамин чиз нақши онҳоро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ муайян менамояд. Дар ин замина деҳқон метавонад ба фурӯши маҳсулоти худ бе миёнарав машғул шуда, даромадашро боз ҳам бештар кунад, ки дар айни замон деҳқонӣ кори даромадноку манфиатовар аст.
Сипас, оид ба дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ибрози назар карда, масъулин ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои саҳеҳ гардониданд.