ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Фалҳобод” баргузор гардид.
Сараввал, роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.
Инчунин, дар ин раванд маҷлиси ҳисоботӣ интихобтӣ баргузор шуда, дар он интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии сокинон гӯшаи хониши муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ бо китобҳои бачагона таъмин карда шуд.