БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАХСИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ КУЛЛИ ҶОМЕА МОЯИ ИФТИХОР АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба ташаккули мафкураи ҷавонон дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ ва дигар шахсони даъватӣ  баромад намуда,

қайд карданд, ки ҳар як суханронӣ ё иқдому ташаббусе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстона доранд. Дар ин миён ҷавонони мо бояд нисбати  иғвою дассиса ва ҳодисаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои махсус омодашуда дар дохил ва хориҷи кишвар ба вуқӯъ меоянд, бетарафиро пеша накарда, ҳамеша ба онҳо вокунишҳои саривақтиву ҷавобҳои дандошикан диҳанд.

Инчунин дар идома  гуфта шуд, ки шахсияти Роҳбари давлат барои кулли ҷомеа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон  мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст. Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кӯшиш менамуданд. Сарзамине, ки Роҳбари давлат бо як мушкилоти азим аз вартаи ҳалокат раҳояш бахшиданд,  дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин моро зарур аст, ки атрофи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, Ватани аҷдодии хешро ҳифзу ҳимоя намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg