
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
"Забони мо бузургтарин неъмат, дастовард ва мероси бузурги ниёгонамон мебошад. Барои пок ва бегазанд ба наслҳои минбаъда боқӣ гузоштани он мо масъулем"- иброз шуд зимни баргузории конференсияи илмию назариявие, ки таҳти унвони «Забон ҳастии миллат» дар ноҳияи Ёвон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ доираи аҳли қалами ноҳия, шоирону нависандагон ва ҷавонон фаъолона ширкат доштанд.