
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси соҳибкорони тоҷик, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд ва саҳми бевоситаи сокинони маҳалла дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷояҳал мекунем!» ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳи асосии дохили деҳаи Калфи Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар масоҳати 1,5 километр ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ пурра асфалтпӯш карда шуд.