БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАҲДАТ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТУҲФАИ ЯЗДОН БА МИЛЛАТАНД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»  бо иштироки масъулини ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд,  ки дар  даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу Ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.  Ба шарофати истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии мо тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам омада ,садҳо лоиҳаи ҳаётан муҳими саноативу энергетикӣ ва иҷтимоӣ татбиқ гардида, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд шуданд.  Ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар аз чунин дастовард, аз доштани чунин Пешвои хирадманд шукргузорӣ дорад.

Дар охири чорабинӣ  аъзои  ташкилоти ибтидоии мазкур дар доираи амалии Аксия ҳизбӣ ба ду оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи беш аз 200 сомонӣ кумак   расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg