БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сармантой-1”  оид ба баррасии нуқтаҳои  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сокинони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъулин қайд намуданд, ки  солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  бо мақсади боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин аҳолӣ  бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори  сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин аз ҷониби  Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эълон карда шудаст.

Дар идома иштирокдорон   вобаста ба нуқтаҳои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубодилаи афкор намуданд.

Дар охир аъзои ташкилоти ибтидоии “Сармантой”- 1 тасмим гирифтанд, ки бо қувваи худӣ ба 1 оилаи маъюби маҳалла кӯмаки моддӣ  расонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg