БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР ПАСТ ГАРДИДАНИ САТҲИ КАБИЗОАТӢ НАҚШИ АСОСИРО БОЗИД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “В. Шамсов” хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳангоми суханронии хеш масъулин  дар ин маҷлис қайд доштанд, ки ба тавсиб расидани қонунҳо ва андешидани тадбирҳои зарурӣ аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат баҳри расидан ба зиндагии арзанда барои сокинони мамлакат пешбинӣ мешаванд.

Инчунин, дар идома гуфта шуд, ки қонуни танзим низ яке аз ин тадбирҳо ба ҳисоб меравад. Баъди қабул шудани қонуни мазкур даҳ сол сипариӣ гирдид, ки дар муддати ин солҳо қонуни қабулшуда барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат нақши асосиро бозида истодааст. Аммо бо сабабҳои гуногун баъзе аз шаҳрвандони кишвар қонуни танзимро риоя накарда, ба қонуншиканиҳои зиёд даст мезананд. Дар охир  аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  риоя кунанд, хусусан, ҷашну маъракаҳои худро танҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил ва баргузор намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg